Бозор, 19.05.2024, 14:45
Мой сайт
Приветствую Вас Гость



Информация о сайте
Риштаи пайвади чонам Точикистон, Хонаи умед бароям Точикистон. Ман ба чуз ту каблагохе хам надорам, Куввати ман, пораи дил, хам ба мо чон, Точикистон. Точикистон, ман ки хамсоли туам, кушиш мекунам, ки илму дониш омухта, сохиби касбу коре гардам ва ба халку миллати хеш манфиате биорам. Талошам бахри он аст, ки карзи фарзандиамро дар наздат адо намоям. Агар ман дар замини зархезат нихолеро насабзонам, агар дили фитодаеро шод нанамоям ва ё неки ба халки худ накунам, манфиате ба Ватани хеш оварда натавонам, пас ман чи гуна фардам?! Бигзор он лахза марг маро гулугир кунаду як гофили ба хобби гафлатзада дар Ватан кам шавад. Агар нихол аз замин кач бируяд хангоми рост карданд мешиканад ва чавоне, ки тарбияи худ надорад, тарбия кардани он амрест махол. Аз ин ру бояд мо дасти китоб бошем ва пайваста бахри гул –гулшукуфоии кишвари азизамон талош варзем. Хаждах сол он кадар муддати тулони нест, аммо дар ин муддати кутох Ватани мо тавонист чи кадар ободу зебо бигардад. Ин хам махсули дасти кист? Махсули дасти халки захматкаши Ватани азиз-Точикистон ва сарвари гамхору адолатпешаамон Эмомали Рахмон аст. …Механи озодаистиклоли мо озод бод, Миллати мо то абад пояндаву дилшод бод. Мисли «Бустон»-у «Гулистон», мисли Фирдавси барин, Ин чаман шодоб бод, ин халк дар эчод…! № 02 Мачидова мехрангез Нишони ЧТ Нишони Точикистон, Китоби боз дорад. Куххои сар то фалак, Офтоби нурафшон дорад. Аз ду тараф гулчамбар, Гандуму пахта дорад. Дар миёни гулчамбар, Байракхои сераха, хошиябанди дорад. Ин хушахои гандум, Хаст неъмати фаровон. Пахтахои шукуфон, Бойгарии Точикистон. Дар миёни нишон, Тасвири точ бошад. Хафт ситора дурахшон, Бойгарии Точикистон. Точикистон Точикистон, Точикистон, Ало ай мулки шоирзодаи дунё, Ало ай мулки модарзодаи дунё Ту дар байни мулкхо точдор хасти. Ту хамчун кавкаби дар мехвари дунё. № 03 Мачидова Фуруг Точикистон хонаи умеди мо Он чо, ки сароб тобад, Ватан аст, Чун чсашм агар хубоб тобад, Ватан аст. Хуршед ба дидан гариб аст чу шамъ Шамъе ки чу офтоб тобад, Ватан аст. Точикистони азизам 9 сентябри соли 1992 сохибистиклол гардида, ба узви СММ дохил гашт. Аммо мо набояд фаромуш кунем, ки Точикистон на дар чойи холи, балки дар чолйи давлатхои нестшудаи Ватанамон ба вучуд омада, таърихи беш аз дуюнимхазорсола дорад. Махз давлатони точикон буд, ки миллати точик баъди хазор соли бедавлати ба хотири гузаштагони номдори худ, боз сохиби аркони давлатдори гардид. Хануз аз замони салтанати хахоманишихо, ки сардори давлат Куруши кабир буд, точикони эрон мезистанд. Бинобар маълумоти сарчашмахои таърих хануз аз хазорсолаи 111-и пеш аз милод дар чануби гарби Эронзамин давлати Элам вучуд дошт, ки дар катори дигар давлатхои тараккикардаи замони кадим ба мисли Бобул ва Шом меистод.дар асри ХV1 пеш аз милод дар саргахи дарёхои дачла ва Фурот давлате бо номи Митан , дар сари Х11 пеш аз милод дар шимолу гарбии Эронзамин давлати Мина ба вучуд омад. Давраи мушаххаси ташаккулии ачдоди халки точик, ки хазораи якуми то солшумории мо пеш аз хама, дар каламрави аввалин давлати умумиэрони Хахаманишинхо чараён ёфтааст. Дар ин давлат тамоми халкиятхои кадими эрони, ки баъдан дар асоси онхо халки точик ташаккул ёфт, -сугдиён, бохтарихо, тохирихо, хоразмихо, маргониён, портхо, сакоихо ва гайра зиндаги мекарданд. Давлати Хохаманишихо минтакаи хеле васеъ дошт. Ин давлат аз халичи Форс дар чануб, то дарёи Сир дар шимол, дар шакр то Бадахшон ва дар гарб то бахри Хазар ва Шарки наздикро дар бар мегирифт. Куруши Кабир мехост, ки тамоми халкиятхоро мутахид созаду хама мардум бо сулху салох зиндаги кунанд. Давлахои ачдодии мо ин Сугд, Бохтар, Хоразм буданд, ки мардуми Бохтар дар 27 шахри хурд-хурд зиндаги мекарданд. Онхо ба кишти галладона, токпарвари, охангари, заргари, бофандаги ба объёрии сунъи машгул буданд. Дар асри 1V милоди Бохтар аз тарафи Искандари макдуни забт карда шуд ва дар худуди он давлат Юнону Бохтар ба вучуд омад. Тахминан дар як замон бо давлати Бохтар, яъне то аввалхои асри V1 пеш аз милод дар худуди имрузаи осиёи Миёна давлати Сугд вучуд дошт, ки то асри 1Х мелодии побарчо буд. Ин давлат дар хавзахои Зарафшон ва Кашкадарё вокеъ гардида, пойтахташ Мароканд ба шумор мерафт. Шакли давлатдории Сугд конфедеративи буд, яъне Сугд аз иттиходи шахр-давлатхое иборат буд, ки дар атрофии як марказ мутаххид шуда буданд, ба монанди Бухоро, Насаф, Ягноб, Масхо (Мастчохи имруза), Шош (Тошканд), Маргиён (Маргелон), Дизах ва гайра. Дар баробари Бохтар, сугд боз як давлати дигари точик бо номи хоразм вучуд дошт. Ин давлат поёноби дарёи Аму кисми шимоли Узбакистон ва чанубу гарби Казокистони имрузаро дарбар мегирифт. Давлати Хоразм хеле дурру дароз давом кардааст. Дар мулки дилам набарди мехри Ватан аст, Бемори манн зи дарди мехри Ватан аст. Максуди хама талошу чонбозихои манн Зар кардани карди гарди мехри Ватьан аст. Ватани манн Точикистони азизам, ки аз даврахои кадим хануз дар давраи Тохириён, Сафориён, Куртхои Хирот, Сарбадорон, Гуриён, Сомониён, зери тачовузу зулму истибдод карор дошт. У хар ларза дучори лашкаркашихои мугул рус гардидааст. Амо ин давлатони ачдодиам ба ин душманони берахм сар фуруд наовардаанд. Ватан девони кисматхо Ватан эй ёди фархангхо Ватан сарномаи хасти Ватан мачмуи нанг аст. Оре Ватан хаст, ки мо дар огуши орому осудаи у таваллуд шуда, хуррамона зиндагони мекунем. Ватан ошёне хаст, ки тамоми точикистониё ба мисли як оилаи нотамоми тифокона умр ба сар мебаранд, ватан укёнусест, ки хар як шахрванди он ба ду баробар аст. Ватан сипар, пуштибон ва паногохи хар як шахс хисоб меёбад. Ватан дарахтест, ки мо шахрвадон решахои у хастем. Ватан осмонест, ки худ Офтоб ва мо ситорагони доимии у хастем. Дар хама чо эй ватан, нестам аз ту чудо Хадяи кимматтарин бахримани аз Худо. Бале, кимматгар аз Ватан гахваре ёфта мешавад. ? Оё болотар аз мехри Ватан –Модар ягон хисс дигар хаст??? Оё зеботар аз мулки худ мулки дигар ёфт мешавад, албатта на, зеро Ватан санг набошад у оинаи бахти мост. Агар Ватан чуб бошад, сафинаи орзую мухаббати манн аст. Агар Ватан бог бошад, манн беди боги у хастам. Агар Ватан аср бошад манн кучаи уям, зеро чун калон шавам мехри Ватан ишки Ватан, дар дилам ошёни бузург менихад. Бигзор манн гадо бошам , дар даст ассо дошта бошам, бе оила, бедуст бошам, пас бигзор дар хоки Ватан бошам. Бале мо бе Ватан бе болу парем. Мо бе Ватан гуёбе хуршед, бе табиб, бе кудрат, бемиллат хастем, зеро Ватан хаст, ки булбул бо шолхи дарахт нишаста суруд мехонаду илхоми шоирро меорад, зеро Ватан хаст, ки мо як умр дар он зиндаги мекунем. Дар васфи Точикистонам садхо хазор варак нависам, хам ками мекунад. Дар васфи Точикистонам садхо хазор газал кироат кунам бо хам кам аст, зеро ин табиату мехмрннавоие, ки точикон доранд, шояд хеч касс надорад. Оё инсон умуман бе ватан зиста метавонад? Оё ин инсон аз ин неъмати бузург руй гардонда метавонад.? Шояд тавонад, аммо манн лахзае бе ёди ватан , бе фикри ояндаи Ватан буда, наметавонам, зеро дарёи пуртугёни пурмавчи мехру мухаббати Ватан каики ишку садокати маро ба сохили амалу бозсози мебарад. Бале Ватан ифтихори манн аст. Ифтихори манн ифтихори Ватан аст. мо бояд хурсанд бошем, ки мисли кабутар дар зери осмони сулх болу пар мезанем. Манн шахрванди Точикистони азизам, кавл медихам, ки то зинда хастам Ватани азизу муътаби хеш, Ватани ачдодии хешро хеч гох тарк нахохам кард. Бигзор Ватан каср бошад, манн хиштрези у бошам, аммо бо ин хама манн уро дуст надорам. Бигзор Ватанам кухсор бошаду манн санги у бошам, аммо манн ифтихор мекунам. Харгиз бурун намеравам аз хоки кишварам Он сон, ки тарки лона нахохад кунад укоб Бар ин хавову об, ки манн ху гирифтаам, Марг аст дилкании дил аз ин хавову об Манн шукр мекунам, ки маро Худованд бо чунин Ватани зебо , ки хар як дехаш зебогии хосе дорад, зеро агар аз ватан чудо шавам, чун барги аз дарахт канда шуда, зери пойи мардум монда, поймол мешавам. Чу нагар ин Ватанро тарк кунам, гуё бн дилам, гуё диламро дар кучое гумм кардам мечуям. Агар наёбам мемирам барои хамеша Он чо, ки хуни ноф рехт-Ватан аст. № 04 Шарифбеков Абубакр Точикистон –чавхари чону тани Точикистон эй бавхори орзухо дар дил, эй умеди сабзи хушихои зиндагт. Надонам васфи бузургият бок адом тарз баён созам. Ба рости он кадар дустат дорам, ки мехри бепоёнат дар рагу пайвандам чун хун дар гардиш аст. ифтихор аз он дорам, ки чунин зебо Ватан дораму онро ном Точикистон аст. Манн низ хамчун фарзанди ин Ватан, ободиву сарсабзи ва бедории дили олуда аз мухаббати поки механпарастии хар сохибватанро доимо таманно дорам. Точикистон ин механи мукаддас дар замири мехрпарвараш фарзандони бохирадеро ба камол расонидаву ба олам муаррифи кардааст. Аммо хеч кадом фаромуш накардааст, ки бузургиву шухратро аз бузургии Ватан-модар сазовор гаштаанд. Точикистон хастии манн аз хастии туст, шукри он дорам, ки ту бароям такягохи, чун кухои устуворат аз ту матонату сабр омухтааму шебу фарозатро бо чону дил пушти сар намудаам. Ба чуз огуши гарми ту макони дигаре гармтару самимитар наёфтам. Ту чун модар бароям мукаддасу ягонайи , аз ин чост, ки бузургию кадру манзалататро баробар ба ин фариштаи зиндаги медонам ва аз харч и бештар дустат медорам. Сахфахои китоби таърихат басо ибратомуз ва пурмочарову хотирмон аст. корнамоиву пахлавони, кашшофу ихтироогар, сохибхираду фархангпарвар ва химматбаланду сахи будани фарзандони азизат, бузургиву пирузиатро шухраи офок менамуд. Дунёи илму ирфон, хираду маъни харч и бештар васеъ мегаштаму шумораи донишмандони илмдустон ба маротиб боло мерафт. Медонам дар тулии таърихи чанд хазорсолаи мавчудияти ту чи кадар душманони гадор, чи кадар нотавонбинон бар сари ту теги чафо кашиданд, мардуми бофарханг ва тамаддунпарваратро ранчу озор додаанд. Аммо сад шукр, ки фарзандони шучоъ, далеру тахамтани ту чон ба каф гирифта хифзат намуданд. Сари болову ифтихорманди туро пеши кассе хам накардаанд. Ин буд, ки дар печу тоби рохи таърих номат човидон боки монд. Имруз аз сахфахои китоби таърихат дарси мардонаги меомузему хар зарра хоки пурганчатро бо киммати чон пос медорем. Точикистон, дигар набитвонанд душманонат гарди озоре бар рухсори чун гул шукуфонат гузоранду фазои вахдатободатро пур аз абри тираи ноумеди намоянд. Кунун мо сипари бо эътимоди туем.баъди пушти сар ниходани аламхову чабри такдир боз дубора мардуми сарбаланди точик сохибватан гардид. Инак бо шукри бехад, мехри поку самими бар дил ва лутфи самими дар лаб хамагон бахри ободиву шукуфоии механи махбуб сайъю таллош доранду умед аз шухраи олам шунадашро доранд. Точикистон-васфи ту поён надорад. Бо он хама бузурги дар дили кучаки мо чову мехрат хастиамонро фаро гирифтааст. Аз канорат боре берун по нагузоштаам, вале эхсос мекунам, ки бе ту буда наметавонам. Имруз бо такозои замон хаммеханони манн дурр аз кишвари азиз кору фаъолият доранд. Боре дар сухбати яке аз онон, ки ба тозаги аз хоричи кишвар омада буд, хузур доштам. У аз дури Ватан фироку хичрони кашидааш мегуфту саропои маро оташи сузоне фаро мегирифт. Донистам, дарк кардам, ки чи кадар гарон аст барои ононе, ки боа мри такдир дурр аз Ватан меафтанд. Эй кош хамаи ин дурбуданхоро интихо наздиктар бошаду боду хавои мушкбези Механ бори дигар машомашон муаттар созад. Точикистон курбони он хама озарму озори ту хохам шуд, нушдоруи манн оби чашмахои софу дарёхои равони туст. Бо он хама каму беш, бо он хама будаву нобуда, бо он хама баробару нобаррир аз мани эй ватани махбуб, эй Точикистон-модари ба чон баробари манн.Хар чи дорам аз баракати туст, хар ки хастам бо шарофати туст, бо хар ки сухан бигуям ифтихорам аз туст, хар чизе эчод кунам сархати он номи туст, пас манн кучо тавонам, ки бе ёди ту бошам, бузургият пуштии по занам, аз гузаштагони човидномат ибрат нагирам, чун пайвандони бузургманишат сохибфарханг набошам. Охир манн низ якзарра аз будаи туям ва бо тамоми хасти фидоят шавам. То он лахзае ки калби кучаки манн дар тапиш хаст, хамнафаси ту хохам буд, туро чун гавхараки чашм, чун ганчи бебахо, чун МОДАР нигахбон хохам шуд. Точикистон –ту чавхари чону тани мани, пас чи сон манн бе чон хохам зист? Манн аз туям ва ту аз мани эй Ватан, эй ТОЧИКИСТОН!!! № 05 Мирзоева Азизахон Точикистон хонаи умеди мо. Хонаи умеди дилхо кишварам, Кишвари пахновару бахтоварам. З-ин саодат Сар ба гардунхо барам, Хофизи озодии бахру барам. Точикистон хонаи умеди мост. Точикистон хонаи умеди хар як точику Точикистонист. Точикистон барои ман ба мисли модар азиз аст. Ватан чоест, ки манн он чо тавлид шуда, ба воя расидаам. Ватан ин сарзамини ачдодии мост. Руз то руз, соат ба соат , лахза ба лахза мехру мухаббати ин кишвари дилпазир дар дили кучаки манн зиёдтар мегардад. Ин дили манн хар лахза бо ёди у нафас мегирад, бо ёди у зиндаги мекунад. хар як вачаб замин, хар катраи хоки Ватан барои манн азизу мукаддас аст. Надорам ёд, кай бори нахустин манн Ватан гуфтам, Диёрам, кишварамро ба мухаббат чони манн гуфтам. Рузи зебои уро рашки сад богу чаман гуфтам, Ба васфаш барои аввал шеър гуфтам, бесухан гуфтам. Оре, мехри Ватани азиз дар дили ман хануз дар батни модар буданам чой гирифтааст. Баъди ба олами хасти чашм кушоданам, бо аллахои чонфизои модар ва шири рохатбахшои у руз то руз мехри Ватанам дар магзи чон ва устухонхои манн реша давондааст. Ватан Сар мешавад аз гахвора, Зи шири поку аз пистони модар. Шукри Худои маттаол мекунам, ки манн дар ин кишвари чаннатосо ва дар оилаи зиёи ба дуне омадаам. Модарам, чонам фидои номашон, ки яке аз бонувони бофарханг хастанд, маро дар олами шеър ба воя расониданд. Хар як мисраи аллахои модарам, ки дар сари гахвораи манн месароиданд, мехру мухаббати ин диёри афсонавиро дар дилам зиёдтар мегардонид. Ёд дорам, хануз дар богча, бо лахни ширини кудакона дар васфи Ватан шеър Хондам: Ватан аз дилхо мебарорад гам, Ватан одамро мекунад одам. Болу пари касс Ватан мебошад, Бахтовари касс Ватан мебошад. Модарам Моро (бо хамрохии ду апа в аду бародарам) тез-тез ба тамошои кучаю хиёбонхои шах рва талу теппахои атрозфи он мебурданд, аз зебоии диёрам завк мебурдам ва ишки он дар дилам чуш мезад. Зи ишки Ватан чуш дорад дилам, Ба харфи Ватан гуш дорад дилам, Ватанро бинозам маро дар канор, Чу модар гирифту намуд бахтиёр. Бале, номи Ватан дар радифи номи модар барои манн азизу мукаддас аст ва дил мехохад, ки бахри боз хам ободу зебо намудани ин диёри зебоманзар манн хам хиссагузор бошам. Ин хисси зиёди ватандусти буд, ки соли дар озмуни ба муносибати 80 - солагии пойтахти азизамон-Душанбешахр, ки байни хонандагони мактабхои тахсилоти хамагони баргузор гардид, ширкат варзида, бо иншои навиштаамголиби озмун гардидам. Имруз Точикистони азизи мо сохибистиклол аст. сохибистиклолии худро 9-сентябри соли 1991 ба даст овардааст. Мувофики моддаи якуми Сарконуни давлат «Точикистон давлати сохибихтиёр, демократии, дуняви ва ягона мебошад». Точикистон пас аз сохибистиклол гаштанаш ба дастовардхои зиёде ноил гардидааст. Ишоотхои зиёде бунед намудааст. Кушодани Гесхои обию баркии Рогун, Сангтуда-1, Сангтудаи-2 кушодани шохроххои бузург аз дили кух дар ин давра аз сохибистиклолии мо точикон шаходат медихад. Руз аз руз Моро давлатхои дуне зиёдтар мешиносанд, эътирофу эхтиром менамоянд. Ин хама дастовардхои бузург бо шарофати марди бохирад, боакл, фарзанди бо нангу бо ори миллат Эмомали Рахмон мебошад. Махз тавассути сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат Эмомали Рахмон ин ободию ободкорихо шуда истодаанд. Баробари фарорасии фасли бахор, вакте, ки табиат мешукуфад, супоришхои шукуфонгардонии давлат низ огоз меёбанд. Аз чумлаи онхо, гузаронидани ярмаркаи фуруши нихолхои мевадихандаю сояфкан, гулхои ороиши ва тухмихо, ки санаи 28-феврали соли чори баргузор гашт ва кабудизоркунии тамоми кучаву хиёбонхои шахрамон мебошад. Хозир дар Точикистонамон маъракахои нихолшинонию кабудизоркуни давом дорад. Имони комил дорем, ки ин мехнатхо самараи хубе хохад дод. Точикистони азизи мо сохиби боигарихои зиёди тибби мебошад. Куххои Сар ба фалак кашида хама пур аз боигарианд. Аз куххои мо канданихои фоиданоки зиёде дарёфт намудан мумкин аст, аз кабили: тилло, тиллои хом, нукра, сурма ва гайрахо. Аз ин боигарихои табиат бояд пурсамар истифода бурд, то ки ин маводхо бо нархи дастрас пешкаши бозори хам милли ва хам байналхалки гардад
Copyright MyCorp © 2024 | Используются технологии uCoz